боғ

боғ
[باغ]
1. қитъаи замини иҳоташудае, ки дар он дарахтони мевадору бемева ва гулҳои гуногун шинонда, сабзу хуррам карда шудааст, ҳадиқа, равза, бӯстон
2. ҷои васеи сабзу хуррами сердолу дарахт ва гулу сабзаҳои зиёд, ки хиёбонҳои курсию харакдор ва тамошогоҳҳо дорад ва маҳалли истироҳати мадании аҳолист, чорбоғ: боғи (марказии) фарҳангу фароғат, боғи истироҳат, боғи шаҳрӣ; боғи ботаникӣ ниг. ботаникӣ; боғи ҳайвонот муассисае, ки дар он ҳайвоноти гуногуни ҷаҳон барои тамошои мардум гузошта шудааст; боғу роғ боғ ва марғзор; боғу бӯстон шудан обод ва сабзу хуррам шудан; боғи ирам а) боғи афсонавӣ, ки гӯё Шаддод ном подшоҳи асотирӣ онро ҳамчун биҳишт сохта буд; б) маҷ. ҷои сабзу хуррам
◊ яке аз боғу дигаре аз роғ берабт, беробита, бемаврид

Толковый словарь таджикского языка (в 2 томах). — Душанбе, НИИ языка и литературы им. Рудаки. . 2008.

Игры ⚽ Поможем сделать НИР

Поделиться ссылкой на выделенное

Прямая ссылка:
Нажмите правой клавишей мыши и выберите «Копировать ссылку»